ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади безарар гардонидани манзили зисти сокинон ва кӯчаву хиёбон оид ба пешгирии бемории коронавирус масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо кормандони СЭС суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, бо усули «хона ба хона» гашта, хонаҳои ҳар яки онҳоро бо хлор безарар намуданд.