БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИҲО БО СОКИНОН

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо кормандони бахши ҷавонон ва варзиш дар ноҳияи Кӯшониён дар кӯчаи Ибни Синои Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳия бо усули “Хона ба хона” мулоқоту вохӯрӣ гузарониданд.

Масъулин дар вохӯриҳояшон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ба зироаткорӣ, вусъати корҳои кишоварзӣ дар ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин, вусъат бахшидани корҳои бунёдкориву ободонӣ бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳрии Тоҷикистон суханронӣ намуданд, сокинонро ба риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ, саҳм гузоштан дар кишту кори баҳорӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ намуданд.

Ҳамзамон, ба хотири маълумоти бештар доштани сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои дар боло зикршуда тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg