ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бемории сироятии навъи COVID-19 мардуми рӯи ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳия корҳои фаҳмондадихӣ дар ноҳия аз ҷониби гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ ҷараён дорад. Ҷихати пешгирии паҳншавиии бемории сироятии навъи COVID-19 масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сокинон мулоқоту вохӯриҳо ва корҳои фахмондадиҳӣ баргузор намуда, дар кӯчаву маҳаллаҳо ва хонаҳои истиқоматии ҳудуди ноҳия бо ҷалби масъулони гурӯҳи тарғиботӣ ба сокинон варақаҳои тавсиявии огоҳикунанда тақсим карда шуд.