ВОКУНИШ. Мусаллам аст, ки таъсиси ҳар як анҷуману ташкилот аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ мақсаду ҳадафи муайяне дорад. Ба иттилои расмӣ таъсиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо, ки аз ҷониби Илҳом Ёқубов роҳандозӣ шудаю дар фазои сиёсии маҷозӣ домон паҳн намудааст, ба хотири даёфти қутти лоямуд ё як луқма нони беминнат ва ронда нашудан аз долонҳои як қисм давлатҳои аврупоист.