ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Вахш»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур назди ҷамъомадагон вобаста ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, аҳамияти риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи қонунҳои миллӣ даъват ба амал оварданд.