БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИСТ ВАТАН, ДИН, МАЗҲАБ ВА МИЛЛАТ НАДОРАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва масъулияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Сулҳ» вохӯрӣ доир шуд.

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор иброз доштанд, ки ҷомеаи муосир, пур аз таҳаввулоту бархурҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистиву террористидошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеалогия, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд.

Мутаасифона,  терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву надеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд. Аз ин лиҳоз мову шуморо зарур аст, ки зиракии сиёсӣро аз даст надода, бар зиди чунин гурӯҳҳои бадхоҳ муборизаи беамон бурда, нагузорем, ки ҳар хоину кӯрнамак аз дур истода, ба сари кишварамон санги маломат занад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg