
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳияи Ёвон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар самти хизматрасонии сифати баланд ба мизоҷон, муносибати хоксорона намудан бо онҳо, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, гирифтани дасти бенавоёну маъюбон, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат андешаронӣ карда шуд.
Бо дастгирии роҳбарияти филиали ҶСК «Ориёнбонк» Fуломов Акбар дар доираи қисати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ду нафар маъюбони гурӯҳи сеюм, кӯмаки яквақтаи молиявӣ расонида шуд.