БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГИРИФТАНИ ДАСТИ БЕНАВОЁН ҲАДАФИ АВВАЛИНДАРАҶАИ МОСТ!

ЁВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳияи Ёвон доир ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар самти хизматрасонии сифати баланд ба мизоҷон, муносибати хоксорона намудан бо онҳо, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, гирифтани дасти бенавоёну маъюбон, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат андешаронӣ карда шуд.

Бо дастгирии  роҳбарияти филиали ҶСК «Ориёнбонк» Fуломов Акбар  дар доираи қисати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ду нафар маъюбони гурӯҳи сеюм, кӯмаки яквақтаи молиявӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg