
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Эколог” хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ мулоқот баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ А.Миралиев иштирок ва сухаронӣ намуданд.
Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин баромад намуда, қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз қонунҳои нодири даврони соҳбистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур бо тақозои замон анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон равона гардидааст.
Аз ин рӯ, мебояд сокинон қонуни мазкурро ҷиддӣ риоя намоянд, зеро он омили асосии раҳоӣ аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ мебошад.