БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ ТАНЗИМ – ОМИЛИ РАҲОӢ АЗ БАНДИ ХУДНАМОӢ ВА ТААССУБУ ХУРОФОТПАРАСТӢ

КӮЛОБ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Эколог” хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ мулоқот баргузор гардид.

Зимни ҳамоиш  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ А.Миралиев иштирок ва сухаронӣ намуданд.

Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин баромад намуда, қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз қонунҳои нодири даврони соҳбистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур бо тақозои замон  анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон равона гардидааст.

Аз ин рӯ, мебояд сокинон қонуни мазкурро ҷиддӣ риоя намоянд, зеро он омили асосии раҳоӣ аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg