ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Яккасада” дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ суҳбат гузаронида шуд.
Масъулини ҳизбӣ зимни баромад атрофи ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар миёни аҳолӣ, ҳамкории онҳо бо мақомотҳои давлатӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз давлатҳои ҷангзада, бетартибиҳои оммавӣ дар муассисаи ислоҳии 3\2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани моҳияти ҷанбаҳои динии моҳи шарифи Рамазон суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии « Якҷоя ҳал мекунем!» ба масофаи 300 метр роҳи деҳа сангфарш ва тахту ҳамвор карда шуд.