БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ МАҲАЛИ ЗИСТ ОҒОЗ МЕШАВАД

ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии “Яккасада”  дар доираи Соли баланд  бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ суҳбат гузаронида шуд. 

Масъулини ҳизбӣ зимни баромад   атрофи ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар миёни аҳолӣ, ҳамкории онҳо  бо мақомотҳои давлатӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, баргардонидани  84  нафар  ноболиғон  аз  давлатҳои ҷангзада, бетартибиҳои оммавӣ дар муассисаи ислоҳии 3\2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва фаҳмонидани моҳияти ҷанбаҳои динии моҳи шарифи Рамазон  суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми вобаста  ба  татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии  « Якҷоя ҳал мекунем!»  ба масофаи 300 метр  роҳи  деҳа сангфарш ва тахту ҳамвор   карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg