
Ҷайҳун. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Ҷуйбор” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимнан дар он Асалмамад Бекмамадов иштирок карда вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал қайд намуд, ки оид ба ӯҳдадориҳои волидон дар моддаи 8 боби 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст, падару модарон вазифадоранд, ки оид ба тарбияи фарзанд ғамхорӣ намуда онро ҳамчун аъзои сазовори ҷамъият ба камол расонанд ва ба ҳаёти мустақил омода намоянд.
Воқеан волидон дар тарбияи фарзанд нақши муҳимро мебозанд, чунки омӯзгори аввалини насли наврас мебошанд. Инсон оила барпо менамояд, фарзанд ба дунё меорад онро тарбия мекунад ва ба пайванди наслҳо нақш мегузорад. Тарбияи дурӯсту ҳамаҷонибаи фарзанд кори саҳл нест.
Дар фарҷоми чорабини Асалмамад Бекмамдов аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯтӣ ва хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро соҳиби касб намоянд.