БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШ ВА ТАЪСИРИ ВОЛИДОН ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН БАСО МУҲИМ АСТ!

Ҷайҳун. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Ҷуйбор” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан дар он Асалмамад Бекмамадов иштирок карда вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал қайд намуд, ки оид ба ӯҳдадориҳои волидон дар моддаи 8 боби 2-и Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст, падару модарон вазифадоранд, ки оид ба тарбияи фарзанд ғам­хорӣ намуда онро ҳамчун аъ­зои сазовори ҷамъият ба камол расонанд ва ба ҳаёти мустақил омода намоянд.

Воқеан волидон дар тарбияи фарзанд нақши муҳимро мебозанд, чунки омӯзгори аввалини насли нав­рас мебошанд. Инсон оила барпо ме­намояд, фарзанд ба дунё мео­рад онро тарбия мекунад ва ба пайванди наслҳо нақш мегузо­рад. Тарбияи дурӯсту ҳамаҷо­нибаи фарзанд кори саҳл нест.

Дар фарҷоми чорабини Асалмамад Бекмамдов аз ҳозирин хоҳиш намуд, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯтӣ ва хештаншиносӣ тарбия намуда, онҳоро соҳиби касб намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg