ДАНҒАРА. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “деҳаи Разиён”-и ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Каримов Пирмуҳаммад – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани натиҷаи манфии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои терористӣ- экстремистӣ ва амалҳои ваҳшиёнаи онҳо махсусан давлати исломӣ (ДИИШ), боло бурдани маърифати оиладорӣ, андешаҳои худро баён намуданд.
Ҳамзамон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аз сокинон даъват ба амал овард, ки оиди бунёди муассисаҳои таълимӣ, маркази саломатӣ, сангфарш ва мумфарш намудани роҳҳои деҳа саҳмгузор бошанд. .