БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ДЕҲОТ БОИСИ ХУШНУДИИ МАРДУМ АСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “деҳаи Разиён”-и ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Каримов Пирмуҳаммад – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, атрофи масъалагузориҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин ҷиҳати  ба мардум фаҳмонидани натиҷаи манфии шомилшавии  шаҳрвандон ба гурӯҳҳои терористӣ- экстремистӣ ва амалҳои ваҳшиёнаи онҳо махсусан давлати исломӣ (ДИИШ), боло бурдани маърифати оиладорӣ, андешаҳои худро баён  намуданд.

Ҳамзамон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аз сокинон даъват ба амал овард, ки оиди бунёди муассисаҳои таълимӣ, маркази саломатӣ, сангфарш ва мумфарш намудани роҳҳои деҳа саҳмгузор бошанд.  .

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg