КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён чорабинии миллӣ-фарҳангӣ баргузор шуд.
Сокинони ватандӯсти ҷамоати мазкур дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ аз анвои пухтупази нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, қуроқдузӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.
Инчунин, дар он масъулини ҳизбӣ доир ба феҳристи мероси фарҳангӣ ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷик ва омӯзишӣ нақши чакандӯзӣ дар рушди мероси фарҳанги миллӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд.