БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКОН ҲАМЧУН МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁД ДАР ОФАРИНИШИ МЕРОСИ БУЗУРГИ ТАМАДДУНИ БАШАРИЯТ САҲМИ БОСАЗО ДОРАНД

КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кушониён чорабинии миллӣ-фарҳангӣ баргузор шуд.

Сокинони ватандӯсти ҷамоати мазкур дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ аз анвои пухтупази нонӣ, хӯрокҳои миллӣ,  қуроқдузӣ  ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.

Инчунин, дар он масъулини ҳизбӣ доир ба феҳристи мероси фарҳангӣ ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷик ва омӯзишӣ нақши чакандӯзӣ дар рушди мероси фарҳанги миллӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg