КУШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маҳаллаи “Зарифҷон Наимов” - и ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.
Масъулин зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ доир ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуданд.
Баъдан Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” - ро сокинон дастгирӣ намуда, 200 метр деворҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияро аз нав барқарор карданд.