БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН: ХАЙРИ ХУДРО БА КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ САФАРБАР МЕСОЗЕМ!

КУШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маҳаллаи “Зарифҷон Наимов” - и ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.

Масъулин зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ доир ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуданд.

Баъдан Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” - ро сокинон  дастгирӣ намуда, 200 метр деворҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияро аз нав барқарор карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg