БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зи ҳар қатра оби равон шукрона бояд кард...

КУШОНИЁН. Дар асоси баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”-и ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ кормандони Кумитаииҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  иштирок дошта,  оид ба  нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ташаббусҳои байналмилалии Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об, Даҳсолаи байналмилалии  амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”суханронӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ кормандони ташкилот ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи “Якҷоя ҳал мекунем!” бинои ташкилоти номбурдаро  аз нав таъмир карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg