КУШОНИЁН. Дар асоси баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”-и ноҳия хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ кормандони Кумитаииҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок дошта, оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ташаббусҳои байналмилалии Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, самаранок истифода бурдани заминҳои корам, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ кормандони ташкилот ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи “Якҷоя ҳал мекунем!” бинои ташкилоти номбурдаро аз нав таъмир карданд.