ТЕМУРМАЛИК.Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ - амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» оид ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қушқияи боло” , Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Ќармишев , ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , натиҷагирӣ аз Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки рӯзи 7 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Солҳои рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд .
Баъдан , вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қушқияи боло” Эргашов Шоҳрух иштирокчиён тасмим гирифтанд, роҳравҳои дохилимактабиро ки сифати хуб надоштанд, аз нав сохта диҳанд.