БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини шароити арзанда барои таълими фарзандон

ТЕМУРМАЛИК.Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ - амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  оид ба  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қушқияи боло” , Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Ќармишев , ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , натиҷагирӣ аз Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки  рӯзи 7 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,  Солҳои рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд .

Баъдан , вобаста  ба  татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем! » бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қушқияи боло” Эргашов Шоҳрух иштирокчиён тасмим гирифтанд,  роҳравҳои дохилимактабиро ки сифати хуб надоштанд,  аз нав сохта диҳанд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg