БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ободии маҳал мусоидат намуд

Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи нақша дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии Турахон Эсанқулов” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдулҳаев Маҳмадсаид иштирок дошта, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ намуд.

Ҳамзамон, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби “Хоҷагии Турахон Эсанқулов” роҳандозӣ гардида,  якуним километр  роҳи байни маҳалла асвалтпӯш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg