Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи нақша дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии Турахон Эсанқулов” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдулҳаев Маҳмадсаид иштирок дошта, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ намуд.
Ҳамзамон, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби “Хоҷагии Турахон Эсанқулов” роҳандозӣ гардида, якуним километр роҳи байни маҳалла асвалтпӯш карда шуд.