БОХТАР. Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Маорифи вилоят» вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Исоев Фаррух иштирок дошта, доир ба ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, сиёсати давлатии Тоҷикистон ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ намуда, афзуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус доранд. Аз ин рӯ, кормандони соҳаи маорифро лозим аст, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ҷаҳду талош намоянд.
Дар идома аз ҷониби масъулин ба 6 нафар кормандони Раёсати маорифи вилояти Хатлон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.