БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф соҳаи муҳиму афзалиятнок дар ҷомеаи муосир

БОХТАР. Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Маорифи вилоят» вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Исоев Фаррух иштирок дошта, доир ба ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, сиёсати давлатии Тоҷикистон ва Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ намуда, афзуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус доранд. Аз ин рӯ, кормандони соҳаи маорифро лозим аст, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ҷаҳду талош намоянд.

Дар идома аз ҷониби масъулин  ба  6 нафар кормандони Раёсати маорифи вилояти Хатлон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ  супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg