ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи Навободи болои ҷамоати деҳоти Зафар вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо ҷалби васеи мардум дар татбиқи ҳадаф ва мақсадҳои созандаи ҲХДТ, амалӣ намудани нуктаҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Дар ин Аксия масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинони деҳа ҷӯйборҳои назди заминҳои хоҷагии деҳқониро тоза карда, дар он ҷо дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинониданд.
Ҳамчунин, сокинони деҳа дар партави Паёми Пешвои миллат корҳои ободониро дар деҳа вусъат бахшида, ҷӯйборҳои обрави дохили деҳаро низ аз партовҳо тоза намуданд.