БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободонии меҳану диёр ва хизмат ба халқ ҳадафҳои асосии мо ҳизбиён аст

ФАРХОР. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи Навободи болои ҷамоати деҳоти Зафар вобаста ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ бо ҷалби  васеи  мардум дар татбиқи ҳадаф ва мақсадҳои  созандаи ҲХДТ, амалӣ намудани нуктаҳои Паёми  имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор  гардид.

Дар ин Аксия масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинони деҳа ҷӯйборҳои назди заминҳои хоҷагии деҳқониро тоза карда, дар он ҷо дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз шинониданд.

Ҳамчунин, сокинони деҳа дар партави Паёми Пешвои миллат корҳои ободониро дар деҳа вусъат бахшида, ҷӯйборҳои обрави дохили деҳаро низ аз партовҳо тоза  намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg