ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 5 нафар кормандони ақибгоҳ ёрдами яквақтаинаи пулӣ ба миқдори аз 200 то 150 сомонӣ ба муносибати Соли нави мелодӣ расонида шуд.
Ёрдами яквақтаинаи молиявиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шариф Раҳимов ба меҳтарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 200 сомонӣ ва ба кормандони ақибгоҳ 150 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расониданд. Меҳтарони ҷанг ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода изҳори сипосу минатдорӣ баён намуда, дар ҳаққи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои хайр карданд.