Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муносибати Соли нави мелодӣ аз ҷониби ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд

ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 5 нафар кормандони ақибгоҳ ёрдами яквақтаинаи пулӣ ба миқдори аз 200 то 150 сомонӣ ба муносибати Соли нави мелодӣ расонида шуд.

Ёрдами яквақтаинаи молиявиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шариф Раҳимов ба меҳтарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  200 сомонӣ ва ба кормандони ақибгоҳ 150 сомонӣ кӯмаки молиявӣ  расониданд. Меҳтарони ҷанг  ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода изҳори сипосу минатдорӣ баён намуда, дар ҳаққи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои хайр карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg