БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ба хотири пешрафти Ватан

ХУРОСОН. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»   бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар боғи марказии ноҳия шанбегии умумӣ  баргузор гардид.

Дар ин рӯз  иштирокдорони шанбегии умумӣ  дар нарм кардани бехи дарахтони сояафкану ороишӣ, аз алафҳои бегона ва партовҳо  тоза кардани  ҷӯйю роҳравҳо саҳм гузоштанд.

Чунин корҳои созандагиву ободонӣ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон бо маромидома дошта,шаҳрвандон  тасмим гирифтанд, ки  то ҷашни  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монда,  ҷашни пурифтихори давлату миллатро бо дастовардҳои бурузг таҷлил намоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg