ХУРОСОН. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар боғи марказии ноҳия шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Дар ин рӯз иштирокдорони шанбегии умумӣ дар нарм кардани бехи дарахтони сояафкану ороишӣ, аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза кардани ҷӯйю роҳравҳо саҳм гузоштанд.
Чунин корҳои созандагиву ободонӣ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон бо маромидома дошта,шаҳрвандон тасмим гирифтанд, ки то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷашни пурифтихори давлату миллатро бо дастовардҳои бурузг таҷлил намоянд.