БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-таблиғгари таърихи гузаштаву муосир

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар деҳаи Танобчии болои  ҷамоати деҳоти Танобчӣ  вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони деҳа  оид ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот дар  бораи самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  24-солагии таъсисёбии Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳи пуршарафи тайкардаи он, хизматҳои беназири Раиси муаззами ЊХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар ин вохӯрӣ  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  Алетова Гулистон   иштирок дошта, доир ба суханронии раиси  Кумитаи иҷроияи  ЊХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ  аз онҳо андешаронӣ кард.

Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 120  нафар ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил  карда  шуд. Зимни  намоиш     сокинони маҳалла , дастовардҳои ҳунарии худро   ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар охири мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи  ЊХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ба 10 нафар аъзои нави ҳизб билетҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супорид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg