ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Танобчии болои ҷамоати деҳоти Танобчӣ вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳа оид ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, 24-солагии таъсисёбии Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳи пуршарафи тайкардаи он, хизматҳои беназири Раиси муаззами ЊХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.
Инчунин, дар ин вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Алетова Гулистон иштирок дошта, доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо андешаронӣ кард.
Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 120 нафар ҳунармандону кишоварзони моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Зимни намоиш сокинони маҳалла , дастовардҳои ҳунарии худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар охири мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ба 10 нафар аъзои нави ҳизб билетҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супорид.