БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рисолати асоси барои корманди ҳизб ин миёни мардум будан аст

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ баргузор гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар ва Раҳмонов Далер дар назди ҷамъомадагон оид ба хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, таълиму тарбияи насли ҷавон,  ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масоили об ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ ҳунармандони маҳала ҳунарҳои мардумии хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар охири чорабинӣ иштирокдорон барои баргузории чунин мулоқоти пурмуҳтаво ба масъулони Кумитаи иҷроия изҳори миннатдорӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg