ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар ва Раҳмонов Далер дар назди ҷамъомадагон оид ба хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм, таълиму тарбияи насли ҷавон, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масоили об ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ ҳунармандони маҳала ҳунарҳои мардумии хешро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар охири чорабинӣ иштирокдорон барои баргузории чунин мулоқоти пурмуҳтаво ба масъулони Кумитаи иҷроия изҳори миннатдорӣ карданд.