
КӮЛОБ. Баҳри иҷрои нақшаи суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тибби оилавӣ» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ифтитоҳи агрегати аввали НБО “Роғун” муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ибрози андеша намуда, гуфт, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иншооти ҳаётан муҳим барои мардуми сарбаланди тоҷик рӯзҳои наздик ба кор оғоз намуда, баҳри сарзабзӣ ва пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мусоидат менамояд.
Дар фарҷом нисбати самтҳои дигари фаъолияти ҲХДТ сухан рафта, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.