БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“Роғун” - иншооти ҳаётан муҳими мо

КӮЛОБ. Баҳри иҷрои нақшаи суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тибби оилавӣ» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ  роҳандозӣ гардид.

Дар ин чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ифтитоҳи агрегати аввали НБО “Роғун” муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ибрози андеша намуда, гуфт, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иншооти ҳаётан муҳим барои мардуми сарбаланди тоҷик рӯзҳои наздик ба кор оғоз намуда, баҳри сарзабзӣ ва пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  мусоидат менамояд.

Дар фарҷом нисбати самтҳои дигари фаъолияти ҲХДТ сухан рафта, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg