БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муқовимати ту бо коррупсия аҳамияти калон дорад!

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода бо сокинони деҳаи Чубеки ҷамоати деҳоти Чубек баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Давлатҷон  Ғаффорзода қайд кард, ки коррупсия ба мисли таърих хеле қадима буда, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа мегардад, оромию суботро халалдор сохта, боварии мардумро ба мақомотҳои давлатӣ коста мегардонад.

Коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Моро зарур аст, ки дар ҷомеа омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсияро бартараф намоем, мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар ин самт ташаккул диҳем ва дар ин росто тафаккури зиддикоррупсиониро дар шаҳрвандон тарбия намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg