
ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода бо сокинони деҳаи Чубеки ҷамоати деҳоти Чубек баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки коррупсия ба мисли таърих хеле қадима буда, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа мегардад, оромию суботро халалдор сохта, боварии мардумро ба мақомотҳои давлатӣ коста мегардонад.
Коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Моро зарур аст, ки дар ҷомеа омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсияро бартараф намоем, мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар ин самт ташаккул диҳем ва дар ин росто тафаккури зиддикоррупсиониро дар шаҳрвандон тарбия намоем.