БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои мил лат ба истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунад

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Алоқачиён»-и назди Департаменти «Почтаи Тоҷик» ва «Тоҷиктелеком»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашуров Сунатулло, Самадзода Саёҳат ва дигар шахсони даъватӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин  оид ба ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи онҳо ва муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар ин росто Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки баҳри осоиштагии мардум ва шукуфоии Ватан равона карда шудаанд, раҳнамоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg