А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Алоқачиён»-и назди Департаменти «Почтаи Тоҷик» ва «Тоҷиктелеком»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашуров Сунатулло, Самадзода Саёҳат ва дигар шахсони даъватӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи онҳо ва муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ андешаронӣ карданд.
Инчунин, дар ин росто Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки баҳри осоиштагии мардум ва шукуфоии Ватан равона карда шудаанд, раҳнамоӣ намуданд.