
БАЛҶУВОН. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Балҷувон Маркази касбомӯзӣ ифтитоҳ карда шуд, ки дар он ҷавондухтарону занони ҳунарманд аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон” ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, занону духтарони ҳунарманди мо тамоми сайъу талоши худро ба кор бурда истодаанд. Кӯшиш менамоянд, ки ҳунарҳои миллиро зинда нигоҳ дошта, дар заминаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонанд.
Маркази номбурда барои омӯзонидани ҳунарҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, забонҳои хориҷӣ ва курси компютерӣ тамоми шароитҳои лозимиро барои касбомӯзон муҳайё гардонидааст, ки онҳо метавонанд аз ин даргоҳ тариқи ройгон касбу ҳунарҳи гуногун ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд.