БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ифтитоҳи Маркази касбомӯзӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ дар Балҷувон

БАЛҶУВОН.  Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар ноҳияи Балҷувон Маркази касбомӯзӣ  ифтитоҳ карда шуд, ки дар он  ҷавондухтарону занони ҳунарманд аз  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон” ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, занону духтарони ҳунарманди мо тамоми сайъу талоши худро ба кор бурда истодаанд. Кӯшиш  менамоянд, ки ҳунарҳои миллиро  зинда нигоҳ дошта, дар заминаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  корҳои назаррасро ба анҷом расонанд.

Маркази номбурда барои омӯзонидани ҳунарҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, забонҳои хориҷӣ ва курси компютерӣ тамоми шароитҳои лозимиро барои касбомӯзон муҳайё гардонидааст, ки онҳо метавонанд аз ин даргоҳ тариқи ройгон касбу ҳунарҳи гуногун ва забонҳои хориҷиро   аз худ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg