![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180911_094011.jpg?itok=Jr6tbeFa)
ФАРХОР. Вохӯрии навбатии корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Мачитон»-и ҷамоати деҳоти Зафар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита баргузор гардид.
Зимни он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Зафар Сайдалиев Абдухолиқ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ ҳунармадони деҳа Қосимова Таманно, Тоҷиддинова Моҳсафар, Ҳасанова Оимгул, Калаков Ҳадятулло ва Розиқов Исмоил намунаи ҳунарҳои дастӣ, кадбонугӣ, қуроқдузӣ,табақтароширо ба намоиш гузошта буданд.
Зимни баргузории чорабинӣ масъулини деҳа иброз доштанд, ки дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ тахти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби оилаи Холиқовҳо роҳи деҳа, ки солиёни дароз рӯи таъмирро надида буд, сангфарш карда шудааст.