БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” мушкилоти мардумро осон намуд

ФАРХОР. Вохӯрии навбатии корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  дар ташкилоти ибтидоии «Мачитон»-и ҷамоати деҳоти Зафар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита баргузор гардид.

Зимни он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Зафар Сайдалиев Абдухолиқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ ҳунармадони деҳа Қосимова Таманно, Тоҷиддинова Моҳсафар, Ҳасанова Оимгул, Калаков Ҳадятулло ва Розиқов Исмоил намунаи   ҳунарҳои дастӣ,  кадбонугӣ, қуроқдузӣ,табақтароширо ба намоиш гузошта буданд.

Зимни баргузории чорабинӣ  масъулини деҳа иброз доштанд, ки  дар партави  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ тахти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби оилаи Холиқовҳо  роҳи деҳа, ки солиёни дароз рӯи таъмирро надида буд, сангфарш карда шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg