БОХТАР. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар маҳаллаи Ургутмаҳалла намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ доир гардид.
Дар ин намоиш шоҳиди он гаштем, ки сокинони маҳалаи Ургутмаҳала ба ҳунари кандакориву нақшдӯзӣ, чакандӯзӣ завқи баланд доранд.
Эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳаёти онҳо соли хотирмон буда, аз хотираҳо зудуда намегардад. Шахси ҳунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва ин имкониятро самаранок истифода мебарад, намегузорад, ки лаҳзае вақташон ғайримақсаднок сипарӣ шавад. Ҳунармандони маҳалла аз донае хирмане месозанд, аз матое ҷомае медӯзанд, аз гуле гулзор ҳосил мекунанд. Онҳо бо дастони ҳунарманду меҳнатофаринашон ақли бинандаро асир месозанд.
Чунин чорабиниҳои фарҳангии ҳизбӣ дар дигар деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Бохтар тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо мақсаднок идома доранд.