БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунари воло муҳитро зебову ҳунармандро воломақом мегардонад

БОХТАР. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал  дар маҳаллаи Ургутмаҳалла намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ доир гардид.

Дар ин намоиш шоҳиди он гаштем, ки сокинони  маҳалаи Ургутмаҳала ба ҳунари кандакориву нақшдӯзӣ, чакандӯзӣ завқи баланд доранд.

Эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳаёти онҳо соли хотирмон буда, аз хотираҳо зудуда намегардад.  Шахси ҳунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва ин имкониятро самаранок истифода мебарад, намегузорад, ки лаҳзае вақташон ғайримақсаднок сипарӣ шавад. Ҳунармандони маҳалла аз донае хирмане месозанд, аз матое ҷомае медӯзанд, аз гуле гулзор ҳосил мекунанд. Онҳо бо дастони ҳунарманду меҳнатофаринашон ақли бинандаро асир месозанд.

Чунин чорабиниҳои фарҳангии ҳизбӣ дар дигар деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Бохтар тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо мақсаднок идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg